ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ

Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе) мебошад.

Маҷаллаи «Суханшиносӣ» ба забони тоҷикӣ нашр гашта, мақолаҳо ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ пазируфта мешаванд.

Риоя намудани этикаи чопи мақола дар маҷаллаҳои илмӣ:

таҳияи мақола бо ҳуруфи Times New Roman, ҳаҷми ҳарфҳо 14 (нақшаҳо 12), ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 мм;

 ҳаҷми мақола: формати А4, бо рӯйхати адабиёту аннотатсияҳо на камтар аз 10 саҳифа ва на беш аз 20 саҳифа;

 нишондоди ТДУ (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);

 номи мақола;

 насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падари муаллиф(он);

номи муассисае, ки дар он муаллиф(он)и мақола кору фаъолият менамояд;

матни асосии мақола (на камтар аз 10 саҳифа; схема, расм ва ҷадвал дар матни асосии мақола ворид намешавад);

рӯйхати адабиёти истифодашуда на камтар аз 15 номгӯ адабиёти илмӣ. Ба нашри мақолаҳое бартарӣ дода мешавад, ки ба сарчашмаҳои нашршудаи илмии солҳои охир ва манбаъҳои муътамад бештар такя кардаанд. Номгӯи адабиёти ба муаллиф тааллуқдошта набояд беш аз 25%-и рӯйхати адабиёти мақоларо ташкил диҳад;

Иқтибосҳо бо сарчашма дақиқ муқоиса карда шуда, дар охири саҳифа асли онҳо аз ҷониби муаллиф оварда мешаванд.

Феҳристи манобеъ дар охири мақола (бо тартиби алифбо – нахуст ба хатти кириллӣ, сипас бо дигар забонҳои хориҷӣ оварда мешавад; осори як муаллиф дар тартиби хронологӣ дарҷ мешавад) бо шуморагузорӣ ва нишон додани маълумоти зайл оварда мешавад:

а) барои китобҳо – ному насаби муаллиф, номи пурраи асар, шаҳр ва соли нашр, теъдоди умумии саҳифаҳо мисли:

Айнӣ, С. Куллиёт / С. Айнӣ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷ., 1958. – Ҷ. 1. – 555 с.;

б) барои мақолаҳо – ному насаби муаллиф, номи пурраи мақола, номи маҷмуаи мақолаҳо, китоб, рӯзнома, макони нашр, шаҳр (барои китоб), сол ва шумораи рӯзнома, маҷалла, мисли:

1. Айнӣ, С. Маънои калимаи тоҷик / С. Айнӣ // Садои Шарқ. – 1986. – № 8. – С. 48-73.

2. Ҳошим, Р. Иншои шеър / Р. Ҳошим // Адабиёт ва санъат. – 2021. – 1 январ. – № 1 (2076). – С. 13.

3. Ҳусейнзода, Ш. Айнӣ ва баъзе масъалаҳои адабиёти советии тоҷик / Ш. Ҳусейнзода // Баҳс ва андеша (Маҷмуаи мақолаҳо). – Душанбе: Ирфон, 1964. – С. 128-149.

4. Кисляков, Н.А. Старинные приемы земледельческой техники и обряды, связанные с земледелием у таджиков бассейна р. Хингоу / Н.А. Кисляков // Советская этнография. – 1974. – №1. – С. 114-125.

таваҷҷуҳи муаллиф(он) дар мақола ба таҳқиқоти қаблии доир ба мавзуи мақола, ки дар маҷаллаи «Суханшиносӣ» ба нашр расидааст;

тарҷумаи номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 15 сатр (аз 130 то 150 калима) ва калидвожаҳо аз 7 то 10 вожа;

дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха ҳатмӣ мебошад;

мақолаи аспирант /докторанти Ph.D/ унвонҷӯ танҳо бо тавсияи роҳбари илмӣ/мушовири илмӣ қабул карда мешавад;

мақолаи магистрант танҳо бо ҳаммуаллифӣ бо номзад/доктори илм қабул карда мешавад;

маълумот дар бораи муаллиф(он) бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

нишон додани манбаи иқтибос дар қавси чаҳоркунҷа [5, 75];

рақамгузории нақша, схема ва диаграммаву расмҳо;

маълумотномаи антиплагиати мақолаи бо забонҳои русӣ ва ё англисӣ таҳияшуда талаб карда мешавад;

мақолаи ба маҷалла воридшуда аз ҷониби ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» дар муддати 30 рӯз баррасӣ мегардад.

Дар мақола аз тарафи муаллиф ё муаллифон бояд имзо гузошта шавад.

Дастнавис бояд бодиққат хонда шуда, бидуни ғалат пешниҳод гардад.Дастнависҳое, ки бидуни риояи талаботи мазкур таҳия шудаанд, баррасӣ намешаванд.

Ҳайати таҳририя дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад мақоларо кӯтоҳ, таҳриру ислоҳ кунад ва ё ба муаллифон ҷиҳати ислоҳ баргардонад.

Муаллифон пас аз саҳифабандии мақола онро хонда, ризояти худро барои чоп ба таври хаттӣ тасдиқ мекунанд.

Масъулияти ақида ва муҳтавои мақолаҳо бар дӯши муаллифони онҳост.