МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Маҷаллаи илмии “Суханшиносӣ”-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ тибқи санадҳои сабти оморӣ дар аввал таҳти унвони “Забоншиносӣ” дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар 20-уми марти соли 2009 таъсис ёфтааст. Роҷеъ ба аҳаммияти масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ ва зарурати таъсиси маҷаллаи илмии фарогири мавзўъҳои забоншиносӣ Пешвои миллат чунин фармуда буданд: “Аз ин рӯ, барои таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ, бахусус забони адабӣ ва меъёрҳои он, назария ва амалияи забон ва дар маҷмӯъ ҳамаи масоили марбут ба он имрӯз зарурати таъсиси як маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба миён омадааст... Бешубҳа, нашри ин маҷалла барои таҳким ва густариши забони давлатӣ, ки омили болоравии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард”.

Маҷаллаи  илмии  «Суханшиносї»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0095/МҶ аз 12-уми ноябри 2015, таҳти № 023/МҶ-97 аз 07-уми сентябри соли 2017 ва таҳти № 166/МҶ-97 аз 25-уми октябри 2020 ба қайд гирифта шудааст.

Баъди ду соли фаъолият ба сабаби гуногунранг будани самтҳои фаъолияти Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ бо қарори раёсати АМИТ аз таърихи 22-юми августи соли 2011, таҳти № 107 номи маҷаллаи “Забоншиносӣ” ба «Суханшиносї» табдил дода шуд.

Маќолањо дар маҷаллаи илмии “Суханшиносӣ”-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ дар доираи се бахши илми филология: забоншиносї, адабиётшиносї ва фолклоршиносї ба се забон: тољикї, русї ва англисї чоп мешаванд. Маљалла аз оғози соли 2010 то моҳи марти 2020, яъне дар муддати даҳ сол бо нашри мақолаҳои арзишманди илмӣ дар тарғибу таҳкиму таҳаввули илми филологияи тоҷик саҳми арзишманде гузошта, љињати шинохти меъёру ќоидаҳои забони тоҷикӣ хизмати босазое кардааст.

Маҷаллаи  илмии «Суханшиносї»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дорои шумораи стандарти байналмилалии нашрияҳои давраӣ (International standard serial number) ISSN 2308-7420 мебошад.

Маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» ба Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.

Дар маҷаллаи илмии  «Суханшиносӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маќолањо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисї нашр мешаванд.

Даврият:   маҷаллаи  илмии «Суханшиносӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як сол 4 маротиба чоп мегардад.

Мавзӯи асосии илмии маҷалла тарғиби илмҳои филологӣ: Забоншиносӣ, Адабиётшиносӣ ва  Фолклор  мебошад.

Индекси обуна дар феҳристи «Почтаи тоҷик» - 77755.

Нишонии маҷалла: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кўчаи Рўдакї, 21.

Шохиси (индекси) обуна дар фењристи «Почтаи тоҷик» -77755

Маълумот барои тамос: тел.: (+992 37) 227 55 83; 

Почтаи электронӣ: sukhanshinosi.iza.tj