АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶОКИСТОН
ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКӢ

   “Суханшиносӣ” маҷаллаи илмӣ буда, тибқи санадҳои сабти оморӣ дар аввал таҳти унвони “Забоншиносӣ” дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар 20-уми марти соли 2009 таъсис ёфтааст. Роҷеъ ба аҳамияти масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ ва зарурати таъсиси маҷаллаи илмии фарогири мавзўъҳои забоншиносӣ Пешвои миллат чунин фармуда буданд: “Аз ин рӯ, барои таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ, бахусус забони адабӣ ва меъёрҳои он, назария ва амалияи забон ва дар маҷмӯъ ҳамаи масоили марбут ба он имрӯз зарурати таъсиси як маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба миён омадааст... Бешубҳа, нашри ин маҷалла барои таҳким ва густариши забони давлатӣ, ки омили болоравии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард” [ниг.: Забоншиносӣ, №1, 2010. –С. 3]. Дар гуфтори боло аҳамият ва зарурати таъсиси маҷалла ва  ҳадафҳои дарпайдоштаи он ба таври мушаххас баён шудаанд.

Ҳамин тавр, маҷаллаи илмии “С”-и Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдулло Рўдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0098/мҷ, аз санаи 08.07.2009 сабти ном шудааст.

Баъди ду соли фаъолият ба сабаби гуногунранг будани самтҳои фаъолияти Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдулло Рўдакии АИ ҶТ бо қарори раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 22-юми августи соли 2011, таҳти № 107 номи маҷаллаи “Забоншиносӣ” ба “С” табдил дода шуд.

Нашри шумораи аввалини маҷаллаи илмии “С”-и Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдулло Рўдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон расман аз соли 2010 оғоз гардид. Маҷаллаи мазкур дар шаш моҳ як маротиба, яъне дар як сол дар ду шумора чоп мешуд. Роҳбарии маҷалларо дар соли 2010 д.и.ф. Д. Саймиддинов    (сардабир), д.и.ф. С. Назарзода (муовини сардабир), н.и.ф. Н. Назаров (дабири масъул) бар уҳда дошта, њайати таҳрири маҷалларо аъзоёни зер ташкил медоданд: Т. Ваҳҳобов, Ф.Қ. Зикриёев, Б. Камолиддинов, М.Н. Қосимова, Ҳ. Маҷидов, С. Сулаймонов, М.Ҳ. Султон, М.Т. Ҷабборова, П. Чамшедов. Ғ. Ҷӯрраев.

Номи маҷаллаи илмии “Забоншиносӣ” аз нимсолаи дуюми соли 2011 ба “С” табдил дода шуд ва он тибқи муқаррарот дар як сол ду шумора чоп мегардид. Мудирияти маҷалларо дар соли 2012 д.и.ф. А. Турсунов (сардабир), д.и.ф. Н. Салимов (муовини сардабир), н.и.ф. Ш. Муҳаммадиев (дабири масъул) бар уҳда доштанд ва њайати таҳрири маљалла аз аъзои зер иборат буд: Ф.Қ. Зикриёев, М. Имомов, М.Н. Қосимова, О. Қосимов,Т. Мардонӣ, М. Муллоаҳмадлов, А. Набавӣ, Д. Обидов, М. Олимов, Д. Раҳимов, Ш. Раҳмонов, Ҳ. Раҷабов, С. Сабзаев, Д. Саймуддинов, В. Самад, А. Сатторзода, Ш. Сӯфиев, О. Хоҷамуродов, А. Ҳаким. Идомаи матн....